Баргузории ҳамоиши ҷаҳонии "Ширхорагони ҳусайнӣ" дар Эрону ҷаҳон
(last modified Fri, 07 Oct 2016 13:17:18 GMT )
Октябр 07, 2016 18:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши ҷаҳонии

Ҳамзамон бо нахустин ҷумъаи моҳи муҳаррам ва ба ёди тифли ширхораи шаҳиди Карбало, субҳи имрӯз ҳамоиши "Ширхорагони ҳусайнӣ" дар ҳудуди чаҳор ҳазор нуқтаи Эрону ҷаҳон баргузор шуд.

Дар ҳамоиши ҷаҳонии "Ширхорагони ҳусайнӣ", ки ба таври ҳамзамон дар Эрон ва бархе дигар аз нуқоти ҷаҳон баргузор шуд, модарони кӯдакони ширхор бо ширкат дар марсияхонӣ, бо модари ҳазрати Алиасғар (а), фарзанди Имом Ҳусайн (а), ки дар Карбало шаҳид шуд, ҳамнола (ҳамнаво) шуданд.

 Имсол чаҳордаҳумин соли баргузории ҳамоиши ҷаҳонии "Ширхорагони ҳусайнӣ" буд, ки илова бар Эрон, дар 41 кишвари дигар низ баргузор шуд.

Тоҷикистон, Англия, Русия, Олмон, Филиппин, Индонезия, Мянмар, Сингапур, Сурия, Украина, ҷумҳурии Озарбойҷон, Лубнон, Бангладеш, Малайзия, Шветсия, Белгия, Мексика, Колумбия, Венесуэла, Ироқ, Покистон, Туркия, Баҳрайн, Қатар, Уммон, Арабистон, Афғонистон, Ҳинд ва бархе кишварҳои африқоӣ шоҳиди баргузории ҳамоиши ҷаҳонии "Ширхорагони ҳусайнӣ" буданд.

Ҳамоиши "Ширхорагони ҳусайнӣ" яке аз пуршӯртарин азодориҳои моҳи Муҳаррам аст, ки санади ҳаққонияти наҳзати Ошӯро ва мазлумияти Имом Ҳусайн (а) маҳсуб мешавад.