Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркманистон бар тавсиаи робитаҳои дуҷониба
(last modified Thu, 30 Jul 2020 05:41:18 GMT )
Июл 30, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркманистон бар тавсиаи робитаҳои дуҷониба

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Туркманистон бар зарурати талоши масулони ду кишвар барои тавсиа ва таҳкими беш аз пеш ва ҳамаҷонибаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои Теҳрон - Ашқобод таъкид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии Туркманистон , бо таъкид бар тавсиаи робитаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфт ; имрӯз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо корона рӯ ба рӯ ҳастанд лизо бояд якдигарро барои мубориза бо ин вирус кумак ва ёрӣ кунанд.

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин ,ки шуюи корона муҷиби коҳиши табодулоти тиҷорӣ ва муносиботи иқтисодии ду кишвар шудааст , ибрози умедворӣ кард , дар моҳҳои оянда бо кантроли бештари ин бемори ва талоши масулони ду кишвар шоҳиди тавсиаи беш аз пеши ҳамкориҳо ва муносибатҳо дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷории байни ду кишвар бошем.

Рӯҳонӣ бархе иқдомҳои анҷомшуда барои рафи мушкилоти ҳамлу нақл ва барқарории табодули коло байни Эрон ва Туркманистон назири эҷоди пули нави ҷодаӣ дар марзи Сарахс ва аз саргирии тарадуд дар масири релиро дар ростои тавсиаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар мусбат арёбӣ кард ва бар иҳтимоми ду тараф нисбат ба идомаи ин талошҳо таъкид кард.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии Туркманистон низ дар ин гуфтугуи телефонӣ бо таҷлил аз иҳтимоми раиси ҷумҳурии Эрон барои тавсиаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар , густариши ҳамкориҳои Эрон ва Туркманистон барои тавсиаи мубодилоти марзӣ ва тадвини дастурамалҳои муртабит бо он ва ҳамкориҳои илмӣ ва бешдоштӣ ва сармоягузориҳои муштаракро хостор шуд.