Иди саиди Қурбон муборак бод!
Фардо (ҷумъа) даҳуми зулҳиҷҷаи 1441 баробар бо 31 июли 2020 рӯзи Иди саиди Қурбон аст.
Дар иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо шитофтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги илоҳӣ - ҳазрати Иброҳим (а) - ро зинда медоранд.
Иди Қурбон - иди фидокорӣ, азхудгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.
Мусалмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.
Имсол ба иллати хурӯҷи коронавирус, теъдоди ҳоҷиён нисбат ба солҳои гузашта бисёр андак аст ва маросими Иди саиди Қурбон таҳти тадбирҳои беҳдоштӣ ва бо риояти фосилаи иҷтимоӣ баргузор мешавад.
Сайт ва радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд.