Август 01, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти саркардаи гуруҳи террористии Тундар

Неруҳои амниятии Эрон саркардаи гуруҳи террористии зидди эрониро, ки қароргоҳи он дар Амрико аст боздошт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати иттилооти Эрон рӯзи шанбе бо судури иттилоия эълом кард: Ҷамшед Шормаҳд- саркардаи гуруҳи террористии Тундар, ки аз Амрико амалиёти мусаллаҳона ва харобкорона дар Эронро ҳидоят мекард дар паи амалиёти печидаи неруҳои амниятии Эрон дастгир шуд.

Шормаҳд дар соли 2008 амалиёти таркиш дар ҳусайнияи Сайидушуҳадои Шероз, маркази вилояти Форси Эронро тарроҳӣ ва иҷро кард, ки дар он иқдоми террористӣ 14 нафар шаҳид ва 215 нафар аз азодорони ҳусайнӣ маҷруҳ шуданд.

Ҳамчунин гуруҳи террористии Тундар дар солҳои ахир қасди иҷрои чанд амалиёти бузург дар Ҷумҳурии Исломии Эронро дошт, ки таркондани садди Сиванди Шероз, таркиши бомбаҳои сиёнурӣ дар намоишгоҳи китоби Теҳрон ва таркондани бомб дар марқади имом Хумайнӣ (раҳ) аз он ҷумла буд.

Дар баёнияи Вазорати иттилооти Эрон омадааст, ҷузъиёти бештаре аз амалиёти неруҳои амниятии Эрон барои ба дом андохтани саркардаи гуруҳи террористии Тундар мутаоқибан эълом мешавад.

Гуруҳаки террористии Тундарро соли 2004 фарде ба номи Фатҳуллоҳ Манучеҳрӣ мулаққаб ба Фуруди Фӯлодванд ташкил дод.

Ин фард ҳадафи худро аз ташкили ин гуруҳак, барандозии низоми ҷумҳурии исломӣ зарфи муддати як сол эълом карда буд.

 

Барчасп