Август 02, 2020 15:14 Asia/Dushanbe

Мардуми Венесуэла барои харид аз фурушгоҳи эронии Мегасис, ки рӯзи 29 июл ифтитоҳ шуд сафи тӯлонӣ ташкил доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо таваҷҷуҳ ба шуйюи корона, дастурҳои беҳдоштӣ барои вуруд ба ин фурушгоҳ иҷро мешавад.

Мегасис рустои кӯчак дар ҷануби ғарби Эрон аст, ки номаш бар нахустин фурушгоҳи эронӣ дар Каракаси Венесуэла ниҳода шудааст.

Ин русто дар ҷанги таҳмилии режими Саддом алайҳи Эрон борҳо ишғол шуд, аммо дар ниҳоят бо муқовимати мардум ва размандагон, ба оғӯши Эрон баргашт.

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки гузоштани номи ин русто бар фурушгоҳи занҷираии бузург дар шарқи Каракас, паёми муқовимат ва истодагии Эрон ва Венесуэларо ба Вашингтон мефиристад.

 

Барчасп