Август 04, 2020 08:26 Asia/Dushanbe
  • Бо шеваномаҳои сахти беҳдоштӣ, баргузории озмуни саросарӣ дар таърихи муқаррар

Вазири беҳдошти Эрон гуфт: Тасмим бар ин шуд дар таърихи 30 ва 31 мурдод озмуни саросариро баргузор кунем.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Намакӣ пас аз ҷаласа бо вазири улуми таҳқиқот ва фановарӣ, аъзои комиссияҳои омӯзиш ва беҳдошт ва дармони Ммаҷлиси Шурои исломӣ дар бораи сарнавишти баргузории озмуни саросарӣ афзуд: Муқаррароти сахтгиронае хоҳем дошт ва як кумитаи муштарак эҷод мешавад то муҷаддад шеваномаҳо баррасӣ шавад.

Вай гуфт: Қарор шуд 20 дарсади фазои ҳар толор ишғол шавад ва фосилагузориҳо ҳадди ақал 2 метр шавад ва бастаҳои пешгирона шомил ниқобак низ дар ихтиёри довталабон қарор гирад.

Вазири беҳдошт афзуд: Ин тазминро хоҳем дод, ки бо риояти мардум, назоратҳо бар муқаррарот қавӣ бошад.

Вай гуфт: Дар бораи тасмими баргузории озмуни саросарӣ дар солҳои оянда ҳам дар маҷлис қарор шуд тасмимоти мантиқӣ дар фурсати муносиб гирифта шавад.