Август 05, 2020 10:52 Asia/Dushanbe

Тедеос Дер Месропиян, ҳунарманди арманистонӣ ба сабаби алоқае, ки ба таърихи Эрон дорад, маконҳои гардишгарӣ ва зиёратии Эронро барои расмкашӣ интихоб мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Эрон-Пресс, Тедеос Дер Месропиян, рассоми арманистонӣ дар соли 1974 Донишгоҳи ҳунари Арманистонро хатм карда ва ба унвони рассом ва тарроҳ кори худро дар Ереван оғоз кард.

Алоқаи ин ҳунарманди арманистонӣ, рассомӣ аз табиат ва биноҳои таърихӣ ба вижа дар Эрон аст, ки бо қалам, ранги равған ва обранг расм мекашад.

Тедеос Дер Месропиян гуфт, ба кишварҳои бисёре сафар карда, аммо ҳеҷ як аз ин сафарҳо ба андозаи сафар ба Эрон таъсиргузор набудааст.

Ин ҳунарманди арманистонӣ афзуд, тобистони соли гузашта ба Эрон сафар ва аз шаҳрҳои Исфаҳон, Теҳрон, Қум, Язд ва Шероз дидан кардааст.

Вай тасреҳ кард, пас аз бозгашт ба Арманистон, зебоӣ ва шукуҳи Исфаҳон, фазои маънавии ҳарами ҳазрати Фотимаи Маъсума (а), оромиши пурмаъно маҳвватаи оромгоҳи Ҳофиз дар Шероз ва табиати мутанаввеи Эрон таъсиргузор буд ва сабаби ба тасвир кашидани ин маконҳо шуд.

Ин ҳунарманди арманистонӣ гуфт, дар сафар ба Эрон бо фарҳанг ва тамаддуни ғании эронӣ ошно шуда ва миллати Эрон таи қарнҳои мутамодӣ аз фарҳанг ва тамаддуни худ ба хубӣ муҳофизат кардааст.