Август 06, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таслеҳоти атомии Амрико ва Исроил, минтақаи моро таҳдид мекунад

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар солрӯзи ҷинояти бомбаборони атомии Ҳирошимо тавассути Амрико дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, хоҳони поён ёфтани кобӯси атомии ҷаҳон шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе ба муносибати 75-умин солрӯзи ҳамлаи атомии Амрико ба шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон дар вопасин рӯзҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум дар “Твиттер” навишт, 75 соли пеш дар чунин рӯзе, Амрико ба бадномии аввалин ва танҳо  истифодакунанда аз таслеҳоти атомӣ расид, ки алайҳи бегуноҳон истифода шуд.

Зариф бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ, яке аз бузургтарин дорандагони таслеҳоти атомӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст, таъкид кард, имрӯз, таслеҳоти атомии Амрико ва Исроил, минтақаи моро таҳдид мекунад.

Вазири умӯри хориҷаи Эрон сипас бо дархост барои поён додани ҷаҳониён ба тавлид ва анбошти таслеҳоти атомӣ, тасреҳ кард, поён ёфтани кобӯси атомӣ ва докторини"нобудии ҳатмии тарафайн", муддати зиёде аст, ки ба таъвиқ афтодааст.

 

Барчасп