Август 09, 2020 22:39 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи валодати ҳазрат Имом Мусо Козим (а)

Фардо душанбе бистуми зул-ҳиҷҷаи соли 1441 ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар бо 10 августи соли 2020, солрӯзи валодати босаодати ҳазрат Имом Мусо Козим (а) аст.

Имом Мусо Козим (а) 20 зул-ҳиҷҷаи соли 128 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар рустои "Абво" байни Макка ва Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд.

Эшон паз аз шаҳодати падари бузургворашон ҳазрат Имом Ҷаъфар Содиқ (а), имоми шашуми шиаёни ҷаҳон, ӯҳдадори масъулияти раҳбарии мусулмонон шуданд.

Имом Мусо Козим (а) дар илм, тавозӯъ ва касрати садақот, саховат ва бахшидагӣ, шӯҳрати хосе доштанд; Имоми ҳафтуми шиаёни ҷаҳон бо ҷамъи ривоёт ва аҳодис ва аҳкому эҳёи сунани падари гиромиашон, Имом Ҷаъфар Содиқ (а) ва низ таълиму иршоди шиаён, исломи ростинро, ки бо таолим ва муҷоҳидатҳои имоми шашуми шиаёни ҷаҳон назму истеҳком ёфта буд, ҳифзу тақвият карданд.

Мардуми худоҷӯи Эрони исломӣ дар солрӯзи валодати босаодати Имом Мусо Козим (а) бо ҳузур дар амокини муқаддас, масоҷид ва хиёбонҳо ҷашнҳоеро баргузор мекунанд.

Суханронӣ дар бораи манзалату ҷойгоҳи имоми ҳафтуми шиаёни ҷаҳон, пахши шириниву шарбат ва мавлудихонӣ аз ҷумлаи барномаҳои солрӯзи валодати ҳазрати Имом Мусо Козим (а) дар Эрони исломист.

Радиои тоҷикии Садои Ҷумҳурии Исломии Эрон маркази Хуросони Разавӣ, фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрат Имом Мусо Козим (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.