Август 10, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон: ИМА аз механизми Шӯрои Амният суиистифода мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба талоши Америка барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Ҷумҳурии исломӣ гуфт: амрикоиҳо аз механизми кори Шӯрои амнияти созмони Милали муттаҳида сӯиистифода мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Сайидаббос Мусавӣ» сухангӯи вазорат умури хорҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар бораи тарҳи пешнависи ҷадиди қатъномаи Амрико дар бораи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар ҷаласаи фардои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид афзуд: ин иқдом қабл аз ин, ки зидди Эрон бошад, зидди механизми байналмилалӣ ва Шӯрои амнияти Созмони милал аст. 
 Мусавӣ бо баёни ин, ки амрикоиҳо мехоҳанд Шӯрои амнияи Созмони милалро ба нобудӣ бикашонанд ё таҳти султаи худ дарбиёваранд тасреҳ кард: аъзои шӯрои амният бояд мувозиб бошанд дар доми амрикоиҳо наяфтанд ва эҳтимолан ин иқдоми  Амрико ҳам бо муроқибати аъзои ин шӯро ноком мемонд. 
 Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон дар бораи нақши Арабистон дар судур ва имзои номаи ахири дабири кулли шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба шӯрои амният дар заминаи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон низ гуфт: бар асоси ахбори мувассақ, бархе аз аъзои шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс аз муфоди ин нома иттилоъ надоштанд. 
 Мусавӣ бо ишора ба пешниҳодоти қаблии Эрон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс афзуд: " Эрон ба кишварҳое, ки аз рафъи таҳримҳои таслиҳотӣ ибрози нигаронӣ карданд, мегӯяд, шумо минтақаро ба анбори аслиҳа ва муҳиммот табдил кардаед ва ин иқдоми шумо барои худширинӣ назди Амрикост." 
 Сухангӯи Вазорат умури хориҷаи Эрон дар бораи иддаои мақомоти  Вашингтон дар бораи дахолати Теҳрон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико ҳам гуфт: ин аз иддаоҳои хандадори амрикоиҳост, зеро Эрон хеле ба афрод, ҷараёнҳо ва аҳзоби дохили Амрико таваҷҷӯҳ надорад, балки ба рафтор ва маниши онҳо ва таомулашон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷӯҳ мекунад.

Барчасп