Август 12, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи коронаи эронӣ озмоишҳои инсониро пушти сар гузошт

Вазири беҳдошти Эрон гуфт, чанд маврид аз ваксинаҳои коронаии эронӣ тестҳои инсониро пушти сар гузошта аст ва ба зудӣ вориди мутолеоти болинӣ хоҳем шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, доктор Саиди Намакӣ дар нишасти хабарнигорон афзуд, корона вируси печидае аст, бино бар ин таҳияи ваксинаи он низ печидагӣ дорад ва ҳеҷ ваксина ҳанӯз дар ҷаҳон дар ин замина ба натиҷаи 100 дарсад нарсидааст.

Вазири беҳдошти Эрон гуфт, ҳамзамон бо ҳаракати ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ваксинаи корона, дар Эрон низ бо институти “Постур” ва муассисаи сирумсозии “Розӣ” дар ҳоли сохти ваксинаи Ковид -19 ҳастем, ки бархе маворид аз ваксинаҳои коронаи эронӣ марҳалаи тестҳои инсониро тай кардааст ва ба зудӣ вориди мутолеоти болинӣ хоҳем шуд.

Доктор Намакӣ гуфт, мизони эминибахшии ин ваксинаҳо ҳанӯз мушаххас нест ва то замони тавлиди ваксина тавсия мекунем, ки мардум усули беҳдоштии истифода аз моск, шустушӯи дастҳо ва фосилагузории иҷтимоиро риоят кунанд.

 

Барчасп