Навбахт: Таҳримҳои Амрико зидди Эрон шикаст хӯрдааст
(last modified Thu, 13 Aug 2020 10:58:32 GMT )
Август 13, 2020 15:58 Asia/Dushanbe
  • Навбахт: Таҳримҳои Амрико зидди Эрон шикаст хӯрдааст

Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, пешрафтҳои Эрон нишон медиҳад, ки таҳримҳои Амрико шикаст хӯрдааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадбоқири Навбахт, муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар Сорӣ(шимоли Эрон),афзуд, Амрико бо таҳрими Эрон ба думболи мутаваққиф кардани тамоми барномаҳои иқтисодӣ ва зерсохтии Эрон буд, вале бо вуҷуди таҳримҳои шадид ва баста шудани тамоми роҳҳои мубодилоти бонкӣ ва интиқоли арз, барномаҳои тавсеаӣ ва иқтисодии Эрон мутаваққиф нашуд ва идома ёфт.

Навбахт гуфт, мубодилоти арзии Эрон дар ҳавзаи содирот ва воридот солона беш аз 100 миллиард доллар буд, ки бо таҳрими нафт, бахши зиёде аз ин мубодилоти молӣ мутаваққиф шуд, вале пешрафтҳои умронии Эрон мутаваққиф нашуд.

Раиси Созмонт мудирият ва барномарезит Эрон бо таъкид бар ин ки Амрико интизор дошт бо таҳримҳои шадид, давлати Эрон дар масоили молӣ бо мушкил мувоҷеҳ шавад, таъкид кард, ҳеҷ як аз барномаҳои Амрико дар заминаи таҳрими Эрон муҳаққақ нашуд.