Сафири Эрон дар Венесуэлла: иддаои тавқифи киштиҳои эронӣ дуруғ аст
Сафири Эрон дар Венесуэлла, иддаои тавқифи киштиҳои эрониро дуруғе дигар аз дастгоҳи таблиғотии империализми Амрико унвон кард.
Рӯзномаи Вол Стритт бомдоди ҷумъа бо интишори матлабе ба нақл аз мақомоти амрикоӣ муддаӣ шуд, ки Америка чаҳор киштии ҳомили нафти Эронро тавқиф кардааст.
Ба гузориши Ирна, «Ҳуҷҷат Сӣлтони» сафири Эрон дар Венесуэлла дар вокуниш ба хабари тавқифи киштиҳои эронӣ дар Твиттер навишт: ин хабар як дурӯғ ва ҷанги равонии дигар аз дастгоҳи таблиғотии империализми Амрико аст зеро на киштӣҳо эронӣ ҳастанд ва на молик ё парчами онҳо иртиботе ба Эрон дорад.
Султонӣ афзуд: Таромпи террорист наметавонд ҳақорат ва шикасти худ дар баробари миллати бузурги Эронро бо таблиғоти дурӯғин ҷуброн кунад.