Август 16, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз ҳамбастагии мардуми Эрон бо миллати Лубнон дар ҳодисаи таркиши Бейрут

Раис ва дабири кулли Салиби сурхи Лубнон аз ҳамбастагии мардуми Эрон бо осебдидагони ҳодисаи таркиш дар Бейрут қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Антонӣ Зогбӣ- раиси Салиби сурх ва Ҷорҷ Кеттане, дабири кулли Салиби сурхи Лубнон дар дидор бо тими эъзомии ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон ба Бейрут, аз ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ ва кумакҳои Эрон ба мардуми Лубнон бо вуҷуди мушкилоти ноши аз бемории корона, қадрдонӣ карданд.

Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз таркиши бандари Бейрут, илова бар истиқрори бемористони саҳроӣ дар ин шаҳр, то кунун 95 тонна анвоъи колоҳои имдодӣ ба Лубнон ирсол карда ва чаҳор бастаи 60 тоннаи дигар ҳам дар ҳоли ирсол аст.

То поёни рӯзи ҷумъа беш аз 1600 нафар барои дарёфти хадамоти дармонӣ аз ҷумла визити пизишкони умумӣ, ортупед, беҳушӣ, ҷарроҳ, атфол, мағзу аъсоб ва хадамоти ҳамшираи шафқат аз ҷумла анҷом ва таъвизи понсмон ва бондож, ҷарроҳиҳои кӯчак, тазриқот, кук задан, хориҷ кардани ҷисмҳои хориҷӣ аз чашм, дасту по, отилбандӣ ва тазриқот ба бемористони саҳроии Эрон муроҷиа кардаанд.

Дар паи вуқӯъи оташсӯзии густардаи чаҳоруми август дар яке аз анборҳои маводи мӯҳтариқа дар бандари Бейрут, таркиши маҳибе дар анборҳои муҷовири ҳовии нитрати омуниюм рух дод.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон, то кунун бар асари ин таркиш 177 нафар кушта ва беш аз 7 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп