Зариф: даврони абарқудратии Амрико тамом шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56626-Зариф_даврони_абарқудратии_Амрико_тамом_шудааст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: иштибоҳи муҳосиботӣ нишон дод, ки даврони абарқудратии Амрико тамом шудааст ва ҷанозаи Барҷом Амрикоро шикаст дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 18, 2020 08:55 Asia/Dushanbe
  • Зариф: даврони абарқудратии Амрико тамом шудааст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: иштибоҳи муҳосиботӣ нишон дод, ки даврони абарқудратии Амрико тамом шудааст ва ҷанозаи Барҷом Амрикоро шикаст дод.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Муҳамадҷаводи Зариф дар як гуфтугӯи телевизионӣ афзуд : амрикоиҳо аз 17 соли пеш дучори иштибоҳи муҳосиботӣ шудаанду ин маврид яке аз маъдуди умурӣ буд, ки аврупоиҳо бо амрикоиҳо ҳамроҳӣ накарданд .
Вай бо баёни ин, ки Амрико ҳамвора дар талош аст таҳримҳои таслиҳотии Эрон идома дошта бошад , гуфт : Амрико дар ин маврид ба нокомӣ бархурд кардааст , зеро муҳимтарин иллати он сиёсати ғалати амрикоиҳо аст, ки аз замони Трамп бо барҳам задани тавофуқи Барҷом оғоз шуд .
Вазири  умури хориҷаи Эрон баён кард : иштибоҳи муҳосиботии Амрико аз ду соли пеш оғоз шуду Вазорати умури хориҷаи Амрико дар як корзори таблиғотӣ ба дунболи таҳримҳои таслиҳотии Эрон буд ва дар ин замина бисёр фазосозӣ карда буд .
Зариф таъкид кард : амрикоиҳо бо адами тасвиби ин қатънома дар Шӯроии амният худро дар махмаса  қарор доданд дар ҳоле, ки онҳо намефаҳманд, ки шароити ҷаҳонӣ бисёр тағйир кардаасту ҳамвора ин кишвар дар талош аст бар хилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаракат кунад .
Вай бо баёни ин, ки дигар замони қудратмандии амрикоӣҳо дар дунё тамом шуда аст , изҳор дошт : амрикоиҳо бо номарезӣ фикр мекарданд, ки метавонанд дар Шӯрои амният райъи мусбат ба даст биоваранд , аммо дар ин масир  ноком монданду ҳатто кишварҳои аврупоӣ низ ба ин қатънома  райи мусбат надоданд .