Руҳонӣ: Талошҳои Эрон дар заминаи дифоӣ, бар мабнои роҳбурди боздорандагӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими баҳрабардорӣ ва рӯнамои аз дастовардҳои милли Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ гуфт: ҳама талошҳои Ҷумҳурии исломӣ дар заминаи дифоӣ, бар мабнои роҳбурди боздорандагӣ ва ҳифзи кишвар аст.
«Ҳасан Руҳонӣ» Раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ин маросим бо баёни ин, ки ҳамсоягон мутмаин бошанд қудрати дифоии Ҷумҳурии исломӣ ба нафъи онҳо хоҳад буд, ёдовар шуд: Эрон ҳеҷ гоҳ ва бавижа пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, оғозгари ҷанг набудааст.
Руҳонӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз вазорати дифои Эрон барои рӯнамои аз мушаки баллистики шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва мушаки крузии шаҳид Абумаҳдӣ ва дар ҷараёни ифтитоҳи хатти тавлиди ин ду мушак гуфт: шаҳиди гиронқадр «Қосим Сулаймонӣ» ба гардани мардуми Эрон ва кулли минтақа ҳаққ дорад ва шаҳид Абумаҳдӣ низ аз ёрони бовфои шаҳид Сулаймонӣ нақши бузурге дар мубориза бо ДИИШ дар минтақа ва ба вижа Ироқ ифо кард.
Раиси Ҷумҳурии Эрон, пешрафти донишмандон, донишгоҳҳо ва ширкатҳои донишбунён ва саноеи дифои кишварро сутуданӣ донист ва таъкид кард: Эрон дар шаш соли гузашта дар санъати дифоӣ, аз ҷойгоҳи 23 ҷаҳонӣ ба ҷойгоҳи чаҳордаҳум расидааст.
Рӯнамои аз намоишгоҳи дастовардҳои иқтидори паҳподӣ, ифтитоҳи хатти тавлиди мотори миллии турбореактивии Эрон (Авҷ), рӯнамои аз мушаки баллистикии шаҳид Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ (бурди 1400 километрӣ) ва мушаки Крузии шаҳид Абумаҳдӣ (бурд 1000 километрӣ) ва рӯнамоӣ аз мотори турбореактивии (Ҷаҳиш), аз ҷумлаи дастовардҳои милли Вазорат дифоъ ва пуштибони нерӯҳои мусаллаҳ буд, ки бо дастури Раиси Ҷумҳурии Эрон ба баҳрабардорӣ расид ва рӯнамои шуд.