Август 22, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 307 ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро беш аз 370 ҳазор нафар эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; «Симо Содот Лорӣ» сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар гуфт:маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 356 ҳазору 792 нафар расидааст, ки токунун 307 ҳазору 702 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. 
 
 Лориӣ афзуд: дар 24 соати гузашта, 126 нафар аз беморони Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 20 ҳазору 502 нафар расидааст. 
 Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, ҳамчунин дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 28 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд. 
 Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 23 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 803 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 15 миллион нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

Барчасп