Август 23, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Густариши муносиботи Эрону Русия: тақобули чандҷонибагароӣ бо якҷонибагароӣ

Тақвияти ҳамкориҳои Эрону Русия дар шароите, ки Амрико саъй дорад монеъ аз ҳамгароӣ ва густариши муносибот байни Эрону кишварҳои минтақа шавад, аз аҳаммияте стротежик бархӯрдор аст.

Нигоҳе ба раванди тавсеъаи муносиботи ду кишвар дар якдаҳаи ахир нишон медиҳад, шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ ин равобитро ба самти роҳбурдӣ шудан кашондааст. Ин руйкарди муштарак, нишонаи тағийроти муҳим дар тақобули якҷонибагароӣ бо чандчонбагароӣ дар равобити байналмилал аст.

Дар ҳамин чорчуб генерал Амир Ҳотамӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар посух ба даъвати расмии генерал Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар садри ҳайати низомӣ ба Маскав сафар кардааст. Сафари вазири дифои Эрон ба Русия бо барпоии шашумин намоишгоҳ ва ҳамоиши байналмилалии низомӣ– фаннии Русияи мавсум ба “ARMY 20” ҳамзамон аст. Дар айни ҳол тақвияти ҳамкориҳои дифоии Теҳрон- Маскав дар ҳавзаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ аз муҳимтарин аҳдофи сафари вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Маскав аст.

Аз ин дидгоҳ тақвияти ҳамкориҳои баландмуддати Эрону Русияро метавон посухе ба ниёзҳои мутақобил дар равобити ду кишвар арзёбӣ кард. Дар воқеъ сиёсатҳои чолишофарини Амрико дар минтақа, аҳаммияти бештарӣ ба равобити ду кишвар додааст. Ин дар ҳолест, ки Эрону Русия нишон додаанд дар мавзӯи амният ва муқобила бо якҷонибагароии Амрико қасди ақибнишинӣ дар муқобили гегемонияи Амрикоро надоранд. Дар ин замина метавон ба баёнияи муштараки Эрон ва Русия дар поёни дидори чандмоҳ қабли Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон аз Русия ишора кард, ки дар он тасреҳ шудааст: Теҳрону Маскав мусаммам ҳастанд, фаъолона руйкардҳои ҷамъӣ ва чандҷонибаи одилона мубтанӣ бар усулу қавоиди куллии шинохта шудаи ҳуқуқи байналмилалро барои ҳали масоили фаврӣ ва зарурии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ иртиқо диҳанд.

Эрону Русияи илова бар БарҶом дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ нишастҳои муҳимме дар Теҳрону Маскав дар чорчуби музокироти раванди Остона доштаанд ва барағми коршиканиҳои Амрико, гомҳои баланди муштараке ба хусус дар мубориза бо тероризм дар минтақа бардоштаанд. Ҳамчунин ду кишвар дар заминаи тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ барномаи роҳбурдӣ доранд, ки намунаи ахири он баргузарии размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин буд. Ин равандҳо нишон медиҳад мавзуоти мутаъаддиде дар дастури кори Эрону Русия қарор дорад.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия дар бораи аҳамияти барномаи ҷомеъи ҳамкории ду кишвар мегӯяд, сатҳи муносибот ва ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрону Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузашта аст, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеъи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад.

Бо тавваҷуҳ ба ин муаллафаҳо, тақвияти равобити Эрон ва Русия дар ҳавзаи низомӣ ва дифоиро метавон аз се ҷанба ҳоизи аҳаммият донист:

Ҷанбаи нахуст: тақвияти ҳамгароиҳои амниятӣ ва тавсеъаи муносиботи роҳбурдии низомӣ бо тавваҷуҳ ба таъсигузор будани ин ҳамкориҳо бар сабот ва амнияти минтақа аст.

Ҷанбаи дувум: тамоюли ду кишвар ба ҳамкориҳои дифоӣ ва таслеҳотӣ аст.  Дар ин замина Эрону Русия аз зарфиятҳои қобили табодул дар таъмини ниёзҳои таслеҳотӣ бархӯрдоранд.

Ҷанбаи сеюм: аҳаммияти таомулоти Эрону Русия: тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ бавижа дар муқобила бо якҷонибагароӣ аст.

Дар маҷмӯъ, ончӣ дар шароити кунунӣ аҳаммияти гуфтугӯҳои вазири дифои Эрон дар сафар ба Русияро шохис кардааст, таъкиди мақомҳои Эрону Русия бар тақвияти равобит дар ҳавзаҳои низомӣ ва дифоӣ бавижа пас аз шикасти ммуфтазиҳонаи қатъномаи Амрико дар хусуси тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шурои амният аст . Аз ин дидгоҳ сафари генерал Амир Ҳотамӣ ба Русия паёми равшане дорад мабнӣ бар инки муносиботи Эрону Русия мунтабиқ бо аҳдофи стротежик ва дар ҷиҳати ҳифзи сабот ва амният ҷамъӣ аст.

 

Барчасп