Август 24, 2020 14:50 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Тавофуқи Аморот ва режими саҳюнистӣ захме бар пайкари ҷаҳони ислом аст ва мусулмонони ҷаҳон ҳеҷвақт хиёнат ба Қудси шарифро фаромуш нахоҳанд кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Хатибзода рӯзи душанбе дар нахустин нишасти хабарии худ баъд аз уҳдадор шудани симати сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар бораи равобити Абузабӣ-Тел-Авив ҳамчунин гуфт: Агар таҳдиде дар Ғарби Осиё аз сӯи режими ишғолгари Қудс мутаваҷҷеҳи минтақа шавад, масъулияти он бо Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст.

Сухангӯи дастгоҳи депломасии Эрон дар бораи равобити Теҳрон бо кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар паи оддисозии равобити бархе ҳокимони араб бо режими саҳюнистӣ гуфт: Исроил нишон додааст амнияти худро наметавонад тазмин кунад ва ҳеҷ аҳде набуда, ки нашикаста ва ҳеҷ терроре набуда, ки анҷом надода бошад. Инҳо воқеиятҳои ҷаҳон аст ва ин воқеиятҳо тағйир намекунад.

Хатибзода дар бораи сафари имрӯзи Рафаел Гроссӣ, мудири Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон низ гуфт: Ба эътирофи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бештарин боздидҳо ва дастрасиҳо дар тули таърихи ин ниҳоди байналмиллалӣ дар Эрон иттифоқ афтодааст ва то замоне, ки ожонс бетарафона ва мустақил ва ба дур аз фишорҳои сиёсии тарафҳои севвум амал кунад дар чорчуби техникӣ ҳеҷ мушкиле байни Эрон ва ожонс нахоҳад буд.

 

Барчасп