Август 26, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Аъзои БарҶом нагузоранд Амрико аз Шӯрои амният истифодаи абзорӣ кунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, кишварҳои узви тавофуқи БарҶом бояд монеи истифодаи абзории Амрико аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шаванд.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симо, дар вокуниш ба иқдоми раиси Шӯрои амнияти Созмони Милал дар радди дархости Амрико дар хусуси бозгардонии таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон афзуд: “Рӯзи гузаштаи Амрико бори дигар шикасти торихии дигареро дар нишасти Шӯрои амнияти СММ мутаҳаммил шуд”.

Хатибзода гуфт, дархости Амрико дар 14 август барои тамдиди таҳрими таслеҳотӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо мухолифати аъзои Шӯрои амният мувоҷеҳ шуд. Ҳамчунин дар 20 август низ бори дигар талоши Иёлоти Муттаҳида барои тавзеи эъломия алайҳи Эрон бо мухолифати аъзои ин шӯро рӯбарӯ шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ёдовар шуд, шояд барои аввалин бор дар торихи Шӯрои амният бошад, ки дар камтар аз 10 рӯз яке аз аъзои доими ин шӯро бо як “на-и бузург” рӯбарӯ шудааст.

Хатибзода бо ишора ба баёнияи раиси Шӯрои амният мабнӣ бар ин ки дархости Амрико ботилу беасар аст, ибрози умедворӣ кард, дар идомаи масир аъзои БарҶом ва ҳамчунин тамомии аъзои доиму ғайридоими Шӯрои амният нишон диҳанд, ки иҷоза нахоҳанд дод Амрико бо тарсонидани дигар кишварҳо, аз Шӯрои амнияти СММ истифодаи абзорӣ ва қавонини байналмилалиро нақз кунад.

Диан Дҷани, намояндаи доими Индонезия дар СММ, ки раёсати давраии Шӯрои амниятро бар ӯҳда дорад, дар нишасти рӯзи гузашта (сешанбе) –и ин шӯро дар хусуси дархости Амрико барои фаъол кардани механизми МОША гуфт: “Бо тавваҷуҳ ба мухолифати аксарияти аъзои Шӯрои амният бо дархости Амрико, иқдоми бештаре наметавон дар бораи ин мавзуъ анҷом дод”.

 

Барчасп