Баёнияи муштарки Теҳрон; ҳусни нияти Эрон ва интизорҳо аз ожонс
(last modified Thu, 27 Aug 2020 07:48:50 GMT )
Август 27, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи муштарки Теҳрон; ҳусни нияти Эрон ва интизорҳо аз ожонс

Эрон ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ пас аз ду рӯз ройзанӣ ва машварати фишурдаи мудири кулли ин ниҳоди тахассусӣ дар Теҳрон дар бораи ҳаллу фасли ҳамроҳ бо ҳусни ният мавзӯъҳои мушаххасшуда тавассути ожонс ба тавофуқ расиданд.

Чаҳоршанбешаб дар баёнияи муштараки Эрон ва ожонс омадааст, Эрон ба таври довталабона ба ду макони мушаххасшуда тавассути ожонс дастрасӣ дода то фаолиятҳои ростиозмоии Ожонси байналмиллалии энержии атомиро барои ҳаллу фасли ин мавзӯъҳо тасҳил хоҳад кард.

Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ душанбешаб вориди Теҳрон шуд ва ба муддати ду рӯз бо масъулони Эрон ройзании фишурда дар бораи ҳамкории ду тараф ва ҳалли бархе ихтилофҳо дар чорчуби тааҳудҳои подмонӣ анҷом дод.

Эрон ҳамвора дар чорчуби тааҳудҳои подмонии худ бо Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳамкории хубе доштааст ва ин ҳамкориҳо пас аз имзои БАРҶОМ ба авҷи худ расид.

Тақрибан 20 дарсад аз бозрасиҳои Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар ҷаҳон,  дар чорчуби ростиозмоӣ аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 дар Эрон анҷом шудааст. Ба иборате бозрасони ожонс ҳар сол беш аз 33 дастрасии такмилӣ аз Эрон анҷом додаанд ва ба таври мутавассит ҳар рӯз 6 бозрас дар Эрон вуҷуд дорад.

Фароҳам кардани ин сатҳи дастрасӣ барои бозрасони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ нишондиҳандаи таомули созандаи Эрон бо ин ниҳоди байналмиллалӣ аст ва гузоришҳои фаслии мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар чаҳор соли гузашта низ намоди ҳамкории созандаи Эрон бо ожонс ва тааҳуд ва пойбандии Теҳрон ба БАРҶОМ аст.

Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ танҳо ниҳоди масъуле аст, ки ростозмоиҳои худро аз фаолиятҳои ҳастаии Эрон анҷом медиҳад ва дар ин миён, истиқлоли амал ва дурӣ аз рӯйкарди сиёсӣ, ожонсро дар пешбурди ҳадафҳои тахассусии худ муваффақ хоҳад кард.

Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба унвони ниҳоди тахассусӣ ва техникӣ бояд бар асоси иттилооте, ки худ ба даст меоварад, дархостҳоеро баён кунад, на ин ки иттилооте, ки бар асоси ҷосусӣ истихроҷ шуда бошад мабнои кори ожонс қарор гирад.

Истиқлол, бетарафӣ ва ҳирфаӣ будани Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ мавриди таваҷҷуҳи давлатҳо ва афкори умумӣ аст ва ҷойгоҳи ҳирфаии ожонс набояд таҳти таъсири тарафҳои севвум мутазалзил шавад.

Тавофуқи нави Эрон бо ожонс барои боздид аз ду сойти мавриди назари ин ниҳоди байналмиллалӣ нишон аз ҳамкории созандаи Эрон бо Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дорад, ки нақши муҳиме барои ин ниҳоди тахассусӣ ва техникӣ қоил аст.

Ин рӯйкарди созанда ва довталабонаи Эрон, интизорҳоро ҳам аз Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бештар мекунад то сирфан мустақил ва бетараф ва бидуни дахолати хориҷӣ кори тахассусии худро анҷом диҳад то ҷойгоҳи он назди афкори умумӣ зери савол наравад.

Дар чунин шароите, сафари Гросси ба Теҳрон фурсате аст, ки вай ба унвони мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ битавонад бо рӯйкарде ҳирфаӣ ва воқеъбинона ва фориғ аз иддаоҳо ва фишорҳои сиёсӣ идомаи ҳамкориҳои муфиди Эрон ва ожонсро тасҳил кунад то бо равшан сохтани воқеиятҳо аз беэътибор шудани ожонс пешгирӣ кунад.

Ҳамонтавр, ки худи Гросси, мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар дидори Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, набояд иҷоза дод авомил ва садоҳои хориҷӣ таъсире бар ҳамкории Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва Эрон дошта бошад.

 

Барчасп