Август 27, 2020 18:36 Asia/Dushanbe
  • Зангана: Ҷараёни энержии Эрон дар авҷи таҳримҳои лаҳзае қатъ нашуд

Вазири нафти Эрон гуфт, ҷараёни энержии Эрон дар ин рӯзҳои куруноӣ ва авҷи таҳримҳо бо тавонмандии мутахассисони эронӣ, лаҳзае қатъ нашудааст.

Бежани Зангана, вазири нафти Эрон бо баёни ин ки коркунон ва мутахассисони эронӣ дар санъаӣт нафт бори сангине бар дӯш доранд ва дар шароити сахти таҳримҳо алайҳи миллати Эрон ва вируси куруно ба воқеъ муқовимат карданд, афзӯд, ба баракати ирода ва екпӯи тавонманд, ҷараёни энержии Эрон барқарор ва шароити сахти таҳрим ҳеч садамае ба корхонаҳо ва раванди содирот дар Эрон назад.

Вазири нафти Эрон дар бораи таҳрими Амрико алайҳи Эрон, ки санъати нафтро нишона гирифтааст, гуфт, Доналд Трамп ва асҳобаш фикр намекарданд, ки Эрон 28 моҳ муқовимат кунад, мо дар санъати нафт 28 мо аст ки дар муқобили таҳримҳо истодем ва муқовимат мекунем.

Зангана афзӯд, дар ин муддат ба баҳрабардориҳо идома додем ва тарҳҳои тавсеаиро ҳамонанди гузашта иҷро кардаем.

 

Барчасп