Афзоиши фаъолияти марзи тиҷории Меҳрон
(last modified Thu, 27 Aug 2020 13:38:34 GMT )
Август 27, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фаъолияти марзи тиҷории Меҳрон

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт, фаъолияти марзи тиҷории Меҳрон аз ду рӯз дар ҳафта ба чор рӯз дар ҳафта афзоиш ёфт.

Саидруҳуллоҳи Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон афзӯд, бо пайгириҳои мақомоти ду кишвари Эрон ва Ироқ ва идораи кулли гумруки Илом, марзи Меҳрон, ки пеш аз ин рӯзҳои якшанбе ва чоршанбе фаъол буд, рӯзҳои душанбе ва сешанбе низ бо пазириши рӯзонаи 250 мошини бории ироқӣ барои интиқолт колоҳои содиротӣ фаъол хаҳад буд.

Латифӣ гуфт, бо ин тасмим срдирот аз ин марз аз 500 дастноҳ мошини борбарӣ ба 1000 дастгоҳ мошини борбарии ироқӣ мерасад.

Меҳрон яке аз аввалин марзҳое буд, ки пас шуюи куруно фаъолияташ мутавақаф шуд.

Шаҳри марзии Меҳрон дар ҷануби ғарби Илом бо доштани марзи байналмилалӣ, муҳиммтарин ва асоситарин масири тарадуди худравҳои шахсӣ, мошинҳои дорои колоҳои содиротӣ ва худравҳои ҳомили зоирони атаботи олиёти Ироқ аст.