Эрони исломӣ сиёҳпӯши Тосуои Ҳусейнӣ
Саросари Эрони исломӣ дар рӯзи Тосуои Ҳусейнӣ (а), сиёҳпӯш ва ғарқ дар андӯҳ, мотам ва азост.
Имрӯз (шанбе) мусодиф бо нуҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1442 ҳиҷрӣ-қамарӣ, (29 августи 2020), рӯзи Тосуои Ҳусейнӣ (а) аст.
Дар Тосуои Ҳусейнӣ (а), миллионҳо ошиқи Имом Ҳусейн (а) ва аҳли байти эшон, дар ҷо ҷои Эрони исломӣ бо баргузории маҷолиси азо, ёди ҳазрати Абулфазли Аббос (а), бародари бузургвори Ҳазрати Имом Ҳусейн (а)-ро гиромӣ медоранд.
Ҳазрати Або Абдуллоҳи Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.
Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусейн (а) ва ёрони вафодораш, натанҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳар чӣ мегузарад, паёми Ошуро густардатар ва оинҳои азодорӣ бо шуру дарки бештаре баргузор мешавад.
Имсол, ҳайатҳо,масҷидҳо ва азодорон дар саросари Эрон бо барпоии маросим дар фазои боз ва бо ҳифзи дастурҳои беҳдоштӣ, илова бар ҳифзи саломати мардум ва қатъи занҷираи интиқоли вируси корона, барои аз байн рафтани ин вируси манҳус ва шифои беморон дасти дуо боло бардоранд ва аз хонадони аҳли байт алайҳим салом барои гузар аз ин даврон , талаби мадад карданд.
Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани Тосуои Ҳусейниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон тасаллият мегӯяд.