Руҳонӣ: талоши Амрико барои истифода аз имтиёзоти Барҷом, хандадор аст
(last modified Wed, 02 Sep 2020 09:37:18 GMT )
Сентябр 02, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: талоши Амрико барои истифода аз имтиёзоти Барҷом, хандадор аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон талоши Амрико барои истифода аз имтиёзоти тавофуқи ҳастаӣ дар ҳоле, ки аз тавофуқ хориҷ шудааст, хандаовар хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, Ҳасан Руҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон бо ишора ба фишорҳои ахири Амрико бар Эрон гуфт : поёни таҳримҳои таслеҳотии Эрон ки яке аз бандҳои Барҷом аст барои амрикоиҳо хеле сангин аст, чунки онҳо дунболи тасвиби қатъномае барои тамдиди таҳримҳое буданд, аммо 13 узви Шӯрои  Амният дар баробари қатъномаи Амрико  истоданд. 
Руҳонӣ афзуд : агар касе бо алифбои  сиёсату таъомул ошно бошад ба хубӣ мефаҳмад, ки агар фарде аз қарордод  хориҷ шуда бошад баъд аз ду -  се сол наметавонад аз имтиёзи мавҷуд дар он қарордод  истифода  кунад. 
раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба нишасти рӯзи сешанбе  аъзои  комиссияи муштараки Барҷом дар Вена гуфт : аъзои  ин комиссия ошкоро эълом карданд, ки дар канори Барҷом ҳастанду Амрико ҳаққи сӯиистифода аз ин тавофуқро надорад. 
Аъзои комиссияи муштараки Барҷом дар Вена  шомгоҳи сешанбе бо интишори баёнияе таъкид карданд Амрико, ки аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуда ҳаққи истифода аз созукорҳои тарроҳӣ шуда дар ин тавофуқро надорад ва наметавонад таҳримҳои Эронро баргардонад .