Сентябр 04, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди муштараки ваксинаи Ковид -19 дар дастури кори Эрон ва Русия

Сафири Эрон дар Маскав ва раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия бар зарурати ҳамкории муштарак барои тавлиди ваксина ва доруи Ковид -19 таъкид карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар гуфтугӯи тасвирӣ бо Кирил Димитриев, раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия, бо ишора ба натоиҷи ду нишасти  коргурӯҳи ваксина ва дору миёни институти “Постур” –и Эрон ва маркази миллии Гамалеяи Русия ибрози умедворӣ кард, ҳарчӣ зудтар фароянди тавлиди муштараки ваксинаи Ковид -19 байни ду кишвар оғоз шавад.

Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия низ бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкориҳои амиқи Теҳрон ва Маскав, бавижа дар заминаи ваксинаи Ковид -19 гуфт, тавлиди анбӯҳи ваксина бо мушорикату ҳамкории Эрон ба зудӣ дар дастури кори ин сандуқ қарор хоҳад гирифт.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон ба ҳудуди 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 873 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 18 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп