Сентябр 05, 2020 09:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози соли таҳсилии ҷадид дар Эрон бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ

Занги оғози соли таҳсилии ҷадид дар Эрон имрӯз (шанбе) дар маросиме ба сурати видеоконфронс бо ҳузури раисиҷумҳур ва вазири омӯзишу парвариши ин кишвар навохта шуд.

Соли таҳсилии ҷадид дар Эрон ба манзури ҷуброни касрии омӯзиши соли гузашта дар пайи ҳамагирии бемории куруно, ду ҳафта зудтар нисбат ба солҳои қабл оғоз шуд.

Беш аз 15 миллион донишомӯзи эронӣ дар 110 ҳазор мадраса бо ба садо даромадани занги соли таҳсилии соли ҷадид бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ ба синфхонаҳо рафтанд.

Бар асоси дастуруламалҳо замони ҳар дарс 35 дақиқа ва фосилаи донишомӯзон як метр хоҳад буд.

Як миллиону 300 ҳазор нафар аз ин донишомӯзонро синфҳои якум ташкил медиҳанд.

Дар ибтидои маросими оғози соли таҳсилии ҷадид Муҳсини Ҳоҷӣ Мирзоӣ, вазири омӯзишу парвариши Эрон гузорише аз амалкарди ин вазоратхона ва тадобири пешбинӣ шуда барои соли таҳсилии ҷадид дар рӯзҳои куруноӣ ироа кард.

Раисиҷумҳури Эрон низ, ки дар ин маросим ба сурати маҷозӣ ширкат карда буд, бо таъкид бар инки дугонагии саломат ва омӯзиш ва дугонагии хона ва мадраса нодуруст аст, гуфт, дар солиёни гузашта ҳамвора саломати донишомӯзон дағдағаи омӯзишу парвариш будааст.

Рӯҳонӣ афзуд, муаллимон, мудирон, мадорис, ҳамаи мақомот масъули вазорати омӯзишу парвариш ва ҳамаи мо имсол дар озмуни бузурге қарор гирифтем то вазифаамонро дақиқтар ва сахттар аз солҳои гузашта ба анҷом бирасонем.

Вай таъкид кард, ки барои мо бисёр муҳимм аст, ки дар канори зиндагии мардум, ҳаёти ҷомеа ва саломати мардум ва ҷомеа, раванди илм, дониш ва омӯзиш дар кишвар ҷараён дошта бошад.

 

Барчасп