Тавсифи зебои вазири корҳои хориҷии Швейтсария аз шаҳри Исфаҳон
(last modified Sun, 06 Sep 2020 09:29:56 GMT )
Сентябр 06, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Тавсифи зебои вазири корҳои хориҷии Швейтсария аз шаҳри Исфаҳон

Вазири умури хориҷаи Швейтсария Исфаҳони Эронро "марвориде дар Ховар Миёна" тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, вазири корҳои хориҷии Швейтсария Игнасио Кассис, ки тибқи нақша субҳи рӯзи шанбе вориди Эрон шуд,   дар ҷараёни сафари якрӯзааш ба Исфаҳон ин шаҳрро шаҳри ғарқ дар таърих ва фарҳанг тавсиф кард ва онро "гавҳар дар Ховари Миёна" номид.

 

"Донистани фарҳанг ва мардуми як кишвар роҳи хуби барқарор кардани муносибатҳои хуби дипломатӣ аст", - навиштааст Кассӣ дар Твиттер.