Сентябр 06, 2020 14:45 Asia/Dushanbe

Муовини раиси улум ва фанноварии Эрон гуфт: "Се ширкати эронизабони эронӣ дар тавлиди ваксини корона ба пешрафтҳои назаррас ноил шуданд."

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ дар нишасти хабарӣ бо хабаргузорон афзуд: 6 ширкати донишбунён барои сохти ваксинаи корона талош мекунанд, ки аз ин миён се ширкат дастовардҳои арзишманде касб кардаанд.

Муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Эрон гуфт: аз дуввумин моҳи шуюи бемории корона дар Эрон ҳама лавозим, таҷҳизот ва доруҳо барои дармони бемории корона монанди таҷҳизоти пизишкӣ, китҳои тести корона, дастгоҳи ситиэскан, термометр, ниқоб ва ҳама доруҳои мавриди ниёз дар дохил тавлид шудааст.

 

Сатторӣ ҳамчунин дар бораи раванди бозгашти элитаҳои эронӣ ба кишвар гуфт: "Моҳи гузашта раванди бозгашти нухбагон ба Эрон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду маротиба афзоиш ёфт."

Вай пешбинӣ карда буд, ки имсол 500 нафар аз нухбагони эронӣ аз 200 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон ба Эрон бармегарданд.

Барчасп