Сентябр 07, 2020 09:12 Asia/Dushanbe

Имрӯз душанбе 17 шаҳривари хуршедӣ солрӯзи қиёми 17 шаҳривари соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (8 сентябри 1978) ва куштори ҷамъе аз мардуми инқилобии Эрон ба дасти маъмурони режими паҳлавӣ аст.

 Воқеаи 17 шаҳривари 1357 (8 сентябри 1978) маъруф ба "Ҷумъаи сиёҳ", ки дар манобеъи таърихӣ аз он бо унвониуштори 17 шаҳривар" низ ёд мешавад, воқеае дар ҷараёни шаклгирии инқилоби исломии Эрон буд ва дар ниҳоят заминасози суқути режими диктаторӣ ва вобастаи паҳлавӣ дар соли 1979 шуд.

Куштори садҳо нафар аз мардуми бедифоъи Теҳрон дар рӯзи 17 шаҳривари 1357 ҳиҷрии шамсӣ ба дасти маъмурони режими паҳлавӣ дар Майдони шуҳадои Теҳрон (Жолаи собиқ), мӯҷиби афзоиши нафрати мардум аз ин режим шуд ва эътирозҳо ва эътисоби кормандони давлати вақт, густариш ёфт.

Куштори мардуми Теҳрон дар рӯзи ‏17 шаҳривар ва идомаи ҳукумати низомӣ, инсиҷом ва иродаи артиши режими паҳлавиро мутазалзил ва дар муқобил, иродаи миллати Эронро барои суқути режими паҳлавӣ устувортар ва мусаммамтар кард; саранҷом бо идомаи муборизоти ҳақталабонаи миллати Эрон, режими паҳлавӣ ҳудуди панҷ моҳ пас аз қиёми таърихии 17 шаҳривар дар феврали соли 1979 суқут кард.

Солрӯзи қиёми 17 шаҳривар ҳамасола дар Эрони исломӣ баргузор ва ёду хотираи шаҳидони инқилоби исломии Эрон гиромӣ дошта мешавад.