Сентябр 08, 2020 09:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мардуми Эрон дар баробари зӯргӯии Амрико таслим намешванд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таҳримҳои золимона ва ноъодилонаи Амрико алайҳи Теҳрон гуфт: Мардуми Эрон дар баробари гарданкашӣ ва зӯргӯии як қудрат таслим намешванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси ҷумҳури Эрон шаби гузашта дар дидори Игназио Кассис, вазири умури хориҷаи Швейтсария дар Теҳрон, бо баёни ин ки меъёр дар равобити кишварҳо бояд муқаррароти байналмиллалӣ ва қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бошад афзуд: Амрико солҳост, ки дар паи ҳазфи низоми ҷумҳурии исломӣ ва мудохила дар умури дохилии Эрон аст.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки Эрон ба муқаррароти байналмиллалӣ ва тавофуқоти чандҷониба пойбанд будааст таъкид кард: Ҳар рӯзе, ки амрикоиҳо тасмим бигиранд аз иштибоҳоти худ даст бардоранд ва ба қатъномаи 2231-и Шурои амният ва БАРҶОМ баргарданд, роҳ барои онҳо боз аст.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба бархе ҷиноятҳои амрикоиҳо аз ҷумла таҳрим ва ҷанги иқтисодӣ алайҳи ҷумҳурии исломӣ аз кишварҳои дӯст ва озоди ҷаҳон хост дар баробари терроризм ва иқдомоти ғайриқонунии Амрико сукут накунанд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин афзуд: Эрон интизор дорад дар шароити шуйюи вируси корона, кишварҳои аврупоӣ дар баробари терроризми иқтисодии Амрико, иқдоми амалии қотеъ ва сареҳе анҷом диҳанд.

Вай фаъолтар шудани канали молии Швейтсария ва ифои нақши муассиртар ва муфидтари ин кишварро хостор шуд.

Вазири умури хориҷаи Швейтсария низ дар ин дидор бо ишора ба садумин солгарди таъсиси равобити сиёсӣ ва дипломатики ду кишвар, равобити Эрон ва Швейтсарияро бисёр хуб ва самимона хонд ва бар тавсеа ва таъмиқи ин равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Игназио Кассис бо ишора ба аҳамияти риояти қавонин ва муқаррароти байналмиллалӣ аз сӯи ҳамаи кишварҳо гуфт: Канали молии Швейтсария барои рафъи мушкилоти бархоста аз иҷрои таҳримҳои Амрико бар мардуми Эрон тарроҳӣ ва роҳандозӣ шудааст ва Швейтсария барои ифои нақши муфиди ин канал талош хоҳад кард.

 

Барчасп