Сентябр 11, 2020 16:57 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти муваффақи паҳподҳои нируи ҳавоии артиши Эрон дар размоиши “Зулфиқор 99”

Дар дувумин рӯз аз размоиши муштараки “Зулфиқор 99”-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, паҳпод(ҳавопаймои бидуни сарнишин)и размии "Камон" амалиётӣ шуд.

 Дарёдор(адмирал) Шаҳроми Эронӣ-сухангӯи размоиши Зулфиқор 99-и артиш рӯзи ҷумъа бо баёни инки паҳподи размии "Камон"-нахустин паҳподи размии артиши Эрон аст, ки ба дасти мутахассисони нируи ҳавоии артиш тарроҳӣ ва тавлид шудааст,гуфт:Ин паҳпод бо парвоз бар фарози минтақаи размоиш , маъмурияти аз пеш таъйиншудаи худ шомили расад ва поиши минтақаи размоишро бо муваффақият анҷом дод.

Дарёдор Эронӣ афзуд: Дар идомаи ин размоиш, паҳподҳои "Абобил"-нируи ҳавои артиш бо истифода аз бомбаҳои ҳушманд ва нуқтазани "Қоим", муваффақ ба нобудии аҳдофи худ дар минтақаи размоиш шуданд.

 Размоиши серӯзаи «Зулфиқор 99» бо ҳузури қисмҳое аз нируи дарёӣ, ҳавоӣ, падофанд(дифои зиддиҳавоӣ) ва нируи заминии артиши Эрон дар маҳдудаи обҳои шарқи тангии Ҳурмуз, соҳилҳои Макрон, баҳри Уммон ва шимоли уқёнуси Ҳинд то мадори 10 дараҷаи шимолӣ дирӯз (панҷшанбе) оғоз шуд.

 

Барчасп