Сентябр 11, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости Афғонистон барои густариши равобити тиҷорӣ бо Эрон

Давлати Афғонистон густариши равобити тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Афғонистон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, Мирвайс Ноб, муовини ин вазоратхона дар нишасти бозаргонон ва сармоягузорони ин кишвар дар Эрон, бо ҳузури Баҳодур Аминиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул, Эронро шарики муҳими тиҷории кишвараш донист.

Мирвайс Ноб бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуди тиҷории Афғонистон ва Эрон, фаъолияти бештари утоқи муштараки тоҷирони Кобул - Теҳрон бо ҳадафи густариши равобити тиҷориро хостор шуд.

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бар фароҳамсозии фурсат, имконот, тасҳили шароит ва талош барои густариши равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ ва авлавиятҳои кории давлати Афғонистон дар Эрон таъкид кард.

Баҳодури Аминиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ин нишастро барои баррасии дидгоҳҳо ва расидагӣ ба мушкилоти тоҷирони афғон дар Эрон муҳим ва арзанда хонд ва зимни таъйиди бархе мушкилоти мавҷуд гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора талош варзида то равобити тиҷорӣ миёни ду кишвар густариш ёбад.

Аминиён афзуд, Сафорати Эрон дар Кобул барои расидагӣ ба мушкилоти тоҷирони афғон, азҷумла судури бамавқеи раводид барои онон ва хонаводаҳояшон ва мавзӯоти муртабити дигар, омодаи ҳамкорӣ буда ва ҳама талоши худро анҷом медиҳад.

Бар асоси гузориши идораи омори Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1398 бузургтарин шарики тиҷории Афғонистон шинохта шуд, ба тавре, ки тавонист дар соли гузашта ҷойгоҳи нахуст дар содирот ба Афғонистонро ба худ ихтисос диҳад.

 

Барчасп