Сентябр 13, 2020 14:02 Asia/Dushanbe
  • Номаи саркушодаи фарзанди Имом Хумайнӣ (раҳ.) ба сарони кишварҳои исломӣ

Фарзанди гиромии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дар номае саркушода ба сарони бархе кишварҳои исломӣ зимни ҳушдор дар бораи талоши бархе кишварҳо барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, онҳоро аз хашми миллатҳои худ барҳазар дошт.

Заҳро Мустафавӣ (Хумайнӣ), дабири кулли Ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин, иқдоми бархе раҳбарони ҷаҳони Ислом дар нодида ангории ишғоли Фаластин ва гом ниҳодан дар масири барқарории робитаи сиёсӣ бо ишғолгаронро хилофи омӯзаҳои исломӣ ва наси сареҳи Қуръон ва низ интихобе, алайҳи ухувват ва ваҳдати исломӣ донистааст.

Фарзанди ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ин нома таъкид кардааст, шаке нест, ки интихоби ҳамкорӣ бо Исроил ба маънеи пазириши ишғоли Фаластин ва ҳампаймонӣ бо бадтарин душманони мусулмон, алайҳи мусулмонон аст ва ин интихобе аст, ки эҳсосоти уммати исломиро ҷариҳадор кардааст ва сабаби эътирозоти миллатҳои мусулмон ва низ иқдомоти шадидтар дар миёни милали исломӣ алайҳи хоинон ба ормони озодсозии Фаластин ва Қудси шариф хоҳад шуд.

Заҳро Мустафавӣ меафзояд, касоне, ки ин интихоби иштибоҳро кардаанд товони сахтеро низ бояд пардохт кунанд.

Вай бо фарохондани сарони давлатҳои исломӣ ба мутолиаи саргузашти миллатҳо ва ҳукуматҳо дар Қуръон тасреҳ кардааст, ҳукуматҳо монданӣ нестанд, аммо миллатҳо пойдоранд ва ин миллатҳо ҳастанд, ки ҳукуматҳоеро, ки хиёнат мекунанд танбеҳ хоҳанд кард.

Дабири кулли Ҷамъияти дифо аз миллати Фаластин афзудааст, Исроил маҳсули солҳо таҷрубаи истеъмори қудратҳои истеъморгар аст ва иродаи онҳо бар ин аст то бо меҳварияти саҳюнистҳо бар кулли минтақа султа ёбанд ва ба заъми раисиҷумҳури Амрико сарвати минтақаро бадушанд ва дар поён онҳоро зибҳ кунанд.