Сентябр 14, 2020 09:10 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили дувумин бастаи кумакҳои пизишкии Эрон ба мақомоти Қирғизистон

Дувумин бастаи кумакҳои инсонӣ ва пизишкии Эрон барои муқобила бо КОВИД-19-ро масъулони сафорати Эрон таҳвили мақомоти Қирғизистон доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бастаи кумакҳои Эрон шомили таҷҳизоти пизишкӣ аз ҷумла дастгоҳи танаффуси маснуӣ, дамосанҷ ва оксигинсанҷ, тестҳои “PCR” ва китҳое барои озмоиши "EIA" аст, ки бино ба дархости тарафи қирқизӣ таҳия ва фиристода шуд.

Ин кумакҳои башардӯстона дар маросими расмӣ бо ҳузури Ҷаннат Бешинов, раиси Комссиони муштараки Қирғизистон ва Эрон ва вазири ҳамлу нақл ва роҳи Қирғизистон, Қолисбек Шодихонов- қоиммақоми Вазорати беҳдошт ва Нурлан Абдурраҳмонов- муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон ва низ Саиди Харрозӣ- сафири Эрон дар Бишкек ба мақомҳои қирқиз тақдим шуд.

Сафири Эрон дар Бишкек дар ин маросим гуфт: Мардуми Эрон ҳамзамон бо ду вируси таҳримҳои золимона ва корона мубориза мекунанд, аммо бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ва фишорҳо, Эрон фиристодани кумаки башардӯстона барои таъмини ниёзҳои мардуми Қирғизистонро вазифаи худ медонад.

Сафири Эрон дар Бишкек ёдовар шуд тамоми дастгоҳҳо ва таҷҳизоте, ки вориди Қирғизистон шуда ба дасти ҷавонони эронӣ дар ширкатҳои дохилӣ тавлид дода шудааст.

Қоиммақоми Вазорати беҳдошти Қирғизистон ҳам зимни қадрдонӣ аз талоши сафорат ва давлати Эрон гуфт: Кумаки башардӯстонаи Эрон барои Бишкек бисёр арзишманд аст ва дору ва таҷҳизот барои дармони шаҳрвандони Қирғизистон мубтало ба корона ба кор бурда хоҳад шуд.