Гоми тозаи Теҳрон ва Пекин: имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳои санъатӣ ва тиҷорӣ
Баррасии раванди муносиботи Эрон ва Чин ҳокӣ аз ин воқеият аст, ки имрӯз Чин бузургтарин шарики тиҷории Эрон ва Эрон низ бузургтарин шарики стратегии Чин дар минтақа аст.
Равобити ду кишвар бовуҷуди таҳримҳо ва мухолифатҳои Амрико ҳамчунон идома пайдо карда ва бо вуҷуди бархе тасаввурот натанҳо коҳиш наёфта, балки шоҳиди тақвияти чашмгири равобити дуҷонибаи ду кишвар ҳастем, ки дар навъи худ амре бесобиқа низ маҳсуб мешавад. Дар ҳамин росто рӯзи якшанбе тафоҳумномае дар заминаи густариши ҳамкориҳои санъатӣ ва тиҷорӣ байни созмони саноеи кӯчак ва шаҳракҳои санъатии Эрон ва намоишгоҳи байналмилалии саноеи кӯчаки Чин ба имзо расид.
Wu Hung, муовини мудири кулли Созмони санъат ва фанноварии иттилооти Гуандуни Чин дар ин маросим, ки бо ҳузури Мӯҳисини Солеҳинё, мудиромили Созмони саноеи кӯчак ва шаҳракҳои санъатии Эрон ба шеваи бархт (онлойн) баргузор шуд. Имзои ин тафоҳумномаро намоди талошҳои муштараки Чин ва Эрон барои тавсеаи баландмуддати ҳамкориҳо ва кумак ба саноеи кӯчак ва мутавассит барои тавсеа дар бозорҳои ду кишвар донист ва аз Эрон ба унвони шарики иқтисодӣ ва тиҷории муҳимми Пекин дар ғарби Осиё ном бурд.
Тавсеаи муносиботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни Эрон ва Чин далоил ва аҳдофи равшане дорад.
Ин равобит собиқаи дерина дорад. Дар даврони таҳримҳо, ки бо густариши беэътимодии Эрон ба Ғарб ва иқдомоти танишзои Иёлот Муттаҳида дар қиболи БарҶом дарҳам омехта шуд. Муносиботи ду кишвар намуди бештаре ёфт. Бар асоси оморҳои мунташира дар соли 2019, дар авҷи таҳримҳо мубодилоти тиҷории Эрон ва Чин ба 24 миллиард доллар расид. Албатта дар ин мавзӯъ шаке нест, ки геополитики Эрон барои Чин ҳоизи аҳммият аст. Эрон ҳалқаи иттисол бо субот миёни дарёи Хазар ва Халиҷи Форс аст ва ҳамин вижагии мушорикат дар барномаҳои тиҷорӣ -иқтисодӣ бо Эронро барои сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла Чин ҷаззоб ва пурангеза кардааст. Бадеҳист асоси ҳамкориҳои Эрон ва Чин, ки дар чорчӯби манофеи мутақобил ва мутавозин таъриф ва танзим шуда, хоре дар чашми душманон ва посухе шикананда ба якҷонбагароӣ ва таҳримҳои Амрико аст.
Екатерина Блинова, таҳлилгари равобити байналмилал ва хабарнигори рус дар нигоҳ ба ин равобит, рӯзи якшанбе дар ёддоште дар хабаргузории Спутаник навишт; «мушорикати стратегии Эрон ва Чин» метавонад охирин мех бар тобути сиёсати «фишори ҳаддиаксари»-и Амрико алайҳи Эрон бошад.
Ба ҳамин иллат гомҳое, ки Эрон ва Чин дар заминаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ бармедоранд мӯҷиби хашм ва асабонияти Вашингтон шудааст. Нашрияи амрикоии Foreign policy ахиран бо ишора ба пешнависи тавофуқи роҳбурдии 25 сола байни Эрон ва Чин ин тавофуқро хабари баде барои Ғарб тавсиф кард. Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ҳам дар мусоҳиба бо Факс нюз саъй кард, бо фарофиканӣ ва сиёҳнамоӣ вуруди Чин ба Эронро мусаббиби бесуботӣ дар минтақа нишон диҳад. Аммо ба рағми ин дурӯғпардозиҳо ва иддаоҳо, равобити Эрон ва Чин воқеияте аст, ки аз гузаштаи дур бар пояи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ будааст.
Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ бо ишора ба зарфиятҳои мутанаввеъе, ки байни ду кишвар вуҷуд дорад ва ҳанӯз аз онҳо ба таври комил истифода нашудааст мегӯяд:" лозим аст Чин ва Эрон сатҳи ҳамкориҳои худро дар қолаби баёнияи муштараки мушорикати ҷомеи роҳбурдӣ, ки дар соли 2016 дар Теҳрон ба таъийди руасои ҷумҳури ду кишвар расид, афзоиш диҳанд ва ҳамкориҳои минтақаиро дар қолаби проект Як камарбанд як ҷода тақвият кунад."
Гузашта ва имрӯзи ин равобит нишон медиҳад, густариши ҳамкориҳои Эрон ва Чин натанҳо ба нафъи ду кишвар, балки ба нафъи тавсеаи сулҳ ва амният хоҳад буд.