Сентябр 14, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Бонуи ҷавони эронӣ дар феҳристи муҳаққиқони таъсиргузори ҷаҳон

Марям Кучакӣ, хатмкардаи Донишгоҳи Шарифи Теҳрон ва устоди Донишгоҳи нурс вестерни ИМА, ба қатори 40 нафар бонуфузтарин устодон ва муҳаққиқони ҷавони ҷаҳон дар соҳаи мудирият интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон , ба далели ин, ки Марями Кучакӣ ҳиҷоб дораду ба Эрон рафту омад мекунад , хабаргузориҳои хориҷӣ он тавр, ки бояду шояд ба хабари муваффақияти илмии ӯ напардохтанд .
Сайти Poets & Quants дар чанд соли ахири иқдом ба муаррифии устодони ҷавони бартар дар риштаи мудирият кардааст .
Ҳар сол  кумитае аз афроди мутахассис  масъулияти интихоби листи чиҳил нафари ниҳоиро бар ӯҳда дорад .
Мутобиқи омори вебсайт барои рақобати соли 2020 , беш аз ду ҳазор нафар барои 160 риштаи мудирият аз саросари дунё  номзад ва аз ин миён  40 устод ба унвони бартаринҳои ниҳоӣ интихоб шуданд .