Ҳосили кори дастаҳои эронӣ дар ҳафтаи севуми лиги қаҳрамонони Осиё
Даста(тим)ҳои Персполис ва Сипоҳони Эрон дар ҳафтаи севуми лиги қаҳрамонони Осиё ба як пирӯзӣ ва як шикаст баробари намояндагони Арабистони расиданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, дар ҳафтаи севуми марҳилаи гурӯҳии лиги қаҳрамонони Осиё, ки ба мизбонии Қатар баргузор мешавад, шомгоҳи сешанбе тими Персполиси Эрон баробари тими Аттаовуни Арабистон ба пирӯзии як бар сифр даст ёфт ва бо чаҳор имтиёз дар ҷойгоҳи севуми гурӯҳи сеи ин мусобиқот истод.
Персполис дар дақиқаи 83 бо голи Шуҷоъи Халилзода бар ҳарифи худ ғалаба кард, то ҳамчунон аз бахти роҳёбӣ ба марҳилаи ҳазфии лиги қаҳрамонони Осиё бархурдор бошад.
Дар гурӯҳи чаҳор низ тими Сипоҳон, дигар намояндаи Эрон ду бар сифр аз тими Аннасри Арабистон шикаст хӯрд, то бо се имтиёз дар радаи севум қарор гирад ва умедҳояш барои рафтан ба даври баъдӣ камранг шавад.
Имсол ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона мусобиқоти лиги қаҳрамонони Осиё ба ҷойи бозиҳои рафту баргашт, ба сурати муттамаркиз дар кишвари Қатар баргузор мешавад.