"Ҷаҳон, Эронро бо шеър мешиносад"
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57495-Ҷаҳон_Эронро_бо_шеър_мешиносад
Пажӯҳишгар ва нависандаи адабиёти форсӣ гуфт: Дар Эрон аз шеър ба унвони сарвати миллӣ ёд мешавад ва ҷаҳон низ Эронро бо шеър мешиносад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 16, 2020 05:11 Asia/Dushanbe

Пажӯҳишгар ва нависандаи адабиёти форсӣ гуфт: Дар Эрон аз шеър ба унвони сарвати миллӣ ёд мешавад ва ҷаҳон низ Эронро бо шеър мешиносад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, рӯзи сешанбе дар остонаи Рӯзи шеъру адаби форсӣ нишасти тахассусии шеъру адаби форсӣ дар Эрон ва ҷаҳон бо унвони «Ҷоми ҷаҳонбин» дар саройи аҳли қалами муассисаи Хонаи китоб ва адабиёти Эрон баргузор шуд.

 Носири Файз, нависанда, шоир ва пажӯҳишгари адабӣ дар ин нишаст гуфт: Эрон яке аз бузургтарин импротуриҳои ҷаҳон буда ва намояндаи аслии Шарқ аст ва ба ин унвон дар ҷаҳон шинохта мешавад.

 Ин пажӯҳишгари адабӣ афзуд: «Моро дар ҷаҳон бо шеър мешиносанд ва дар Эрон аз шеър ба унвони сарвати миллӣ ёд мешавад. Ғинои фарҳангии мо ба хотири шеъри форсӣ аст. Ғарбиҳо Хайёмро тарҷума мекунанд, чун ӯ намояндаи андеша ва тафаккури шарқӣ аст. Онҳо Хайём мехонанд, то бубинанд шарқиҳо чӣ гуна меандешанд ва дар бораи инсон чӣ гуна фикр мекунанд.»

 Муҳаммадкозими Козимӣ, шоири афғонистонӣ ва дабири давраи ёздаҳуми ҷашнвораи шеъри Фаҷр низ дар паёми тасвирӣ, ки барои нишаст фиристода буд, асри ҳозирро давраи равшангари шеъри Афғонистон хонд.

 Вай афзуд: Яке аз бузургтарин мушкилоти шоирони Афғонистон ҳимоят аст, зеро ҳукумати Афғонистон тавонманд нест ва аз тарафе ниҳодҳое ҳам, ки фаъол ҳастанд тамоюле ба густариши забони форсӣ ва шеъри форсӣ надоранд.

  Иброҳими Худоёр-раиси Анҷумани нақди адабии Эрон низ дар ин нишаст гуфт: Имрӯз форсизабонон дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон муттамаркиз ҳастанд ва сад албатта мо наметавонем тоҷикҳои Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва бархе дигар аз нуқоти дунёро фаромӯш кунем. Мардумони ин кишварҳо миллиятҳои ҷудогонае доранд, ки ба як фарҳанги ягона тааллуқ дорад, ки аз наздики ба се ҳазор сол пеш то ба имрӯз онҳоро дар канори ҳам нишондааст.

 Вай афзуд: «Марзҳои ҷуғрофиёӣ, миллатҳои чандпорчае дуруст карда ва миллати ориёитаборро аз ҳам ҷудо кардааст, аммо фарҳанге пушти ин миллат аст, ки ҳамчун як миқнотис(магнит)и пуркашиш онҳоро ба ҳам пайванд додааст. Дар ин байн нақши Фирдавсӣ бештар аз шахсиятҳои ҷаҳони адаби форси дар канори ҳам нишондани ин миллатҳои чандпорча бориз ва пурранг аст.»

Охирин бахш аз нишасти тахассусии шеъру адаби форсӣ дар Эрон ва ҷаҳон бо унвони «Ҷоми ҷаҳонбин» низ пахши файлҳои тасвирӣ аз шеърхонии Фирдавси Аъзам, шоири тоҷик буд, ки барои ин барнома ирсол карда буд.