Сентябр 16, 2020 15:13 Asia/Dushanbe
  • Таваллуди навзоди “саросема” дар қатори Теҳрон - Машҳад

Навзоди “саросема” дохили купеи қатор бо кумаки коршиносони ёрии таъҷилии шаҳристони Сабзвор дар устони Хуросони разавии Эрон ба дунё омад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, масъули ёрии таъҷилии донишгоҳи улуми пизишкии Сабзвор гуфт: Дар тамоси телефонӣ бо воҳиди иртибототи ёрии таъҷилӣ, ки аз номусоид будани ҳоли модари бордор дар қатори Теҳрон ба Машҳад хабар дод , ба таври фаврӣ гуруҳи амалиётии ёрии таъҷилии Сабзвор ба истгоҳи Озодвар сафарбар шуд.

 Вай афзуд: Гуруҳи амалиётӣ ба сурати фаврӣ дар қатор ҳозир шуданд ва модари бордор дар дохили купеи қатор таваллуд намуд.

 Ба гуфтаи масъули донишгоҳи улуми пизишкии Сабзвор, ин модар ва навзоди духтар барои идомаи марҳилаҳои дармонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.