Сентябр 19, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи мудири зардуштии ширкати ҳиндӣ: фурӯши ваксинаи корона ба Эрон бо тахфиф

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз талош барои пешхариди 20 миллион доза ваксинаи корона аз як ширкати ҳиндӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии интихоб , Саид  Намакӣ дар ҷаласаи ситоди миллии муқобила бо коронаи  Эрон дар бораи охирин иқдомоти Вазорати беҳдошт барои таъмини ваксинаи корона гуфт : « як ширкати ҳиндӣ 100 миллион доза ваксинаи корона ба амрикоиҳо пешфурӯш кардааст . Мудиромили ин ширкат  фарди  эрониасл зартуштӣ аст, ки ба мо қавл додааст 20 миллион доза ваксинаро бо қиммати поинтар ба мо бифурӯшад.»
Намакӣ таъкид кард иқдомоти лозим барои таъмини ин ваксина анҷом мешавад ва умед аст, ки зудтар ба натиҷа бирасад .
Вазири беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт : «тимҳои таҳқиқотии эронӣ низ дар ҳоли талоши шабонарӯзӣ барои тавлиди ваксина ҳастанд, ки ба натоиҷи мусбати ин таҳқиқот  хеле  умедворем  .»