Номаи Эрон ба дабири кулл ва раиси Шӯрои амнияти СММ
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба дабири кулл ва раиси Шӯрои амнияти ин созмон таъкид кард, иддаои Амрико барои бозгардонда шудани таҳримҳои лағвшудаи қатъномаи 2231 бидуни асари ҳуқуқӣ, ботил ва беасар аст.
Маҷиди Тахтравончӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ шомгоҳи шанбе дар ин нома ёдовар шуд: “ҳеҷ як аз аъзои Шӯрои амният дар вокуниш ба иқдоми Амрико натанҳо салоҳияти ин кишвар барои фаъол кардани раванди бозгашти таҳримҳои гузаштаро напазируфтанд, балки аз тариқи номаҳои инфиродӣ ё муштарак ба раиси Шӯрои амният 13 узви ин ниҳод, эътибори ҳуқуқӣ ва мақбулияти номаи Амрикоро қотеъона рад карданд”.
Тахтравончӣ ба назари мушобеҳи аксарияти қотеи аъзои Шӯрои амният дар нишасти 25 август ин шӯро, номаи 20 августи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва баёнияи нишасти якуми сентябри Комиссияи муштараки БарҶом ишора кард ва афзуд, дар ин назарҳо, баёнияҳо ва номаҳо ба сароҳат эълом шудааст, Амрико як давлати узви БарҶом нест ва наметавонд раванди бозгардондани таҳримҳои гузаштаи Созмони милалро оғоз кунад.
Намояндаи доими Эрон дар СММ дар ин нома, ки қарор аст ба унвони санади Шӯрои амният ҳам сабт ва мунташир шавад меафзояд: “ҳадафи эълом шудаи Амрико аз байн бурдани комили БарҶом аст ва роҳбурди он барои расидан ба ин ҳадаф низ ироаи тафосири якҷониба, дилхоҳона ва истидлолҳои шабеҳи ҳуқуқӣ аст.
Тахтравончӣ изҳор кард, Эрон мутмаин аст, ки аъзои Шӯрои амният бори дигар бо талоши Амрико барои сӯиистифода аз ин шӯро ва тазъифи иқтидор ва эътибори он, мухолифат хоҳанд кард.
Амрико, ки 8 майи 2018 аз БарҶом хориҷ шуд, дар 20 августи 2020 бо ироаи иблоғияе ба Шӯрои амнияти СММ бо иддаои нақзи асосии БарҶом аз ҷониби Эрон, муддаии бозгашти худкори таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон аз 20 сентябри 2020 шуд.