Баъидинажод: Амрико бо инзивои бесобиқае рӯ ба рӯ шудааст
Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Англия дар вокуниш ба иддаои ахири Амрико мабни бар бозгашти таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Теҳрон таъкид кард: Шӯрои Амният мухолифати худро бо бозгашти ин таҳримҳо эълом карда ва Амрико мунзавӣ шудааст.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англия «Ҳамиди Баъиднажод » рӯзи якшанбе дар сафҳаи Твиттери худ навишт : бо гузашти 30 рӯз аз дархости аввалияи Амрико барои бозгашти 6 қатъномаи таҳрими Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон , Шӯрои Амният бидуни ҳеҷ гуна иқдом, мухолифати худро бо Амрико эълом ва он дархостро бойгонӣ кард.
Баъидинажод афзуд : Амрико бо як инзивоӣ бесобиқа рӯ ба рӯ шуда ва сиёсати зиддибарҷомиаш бо шикасти комил рӯ ба рӯ шудааст.
Вазири умури хориҷаи Амрико Майк Пампео рӯзи шанбе бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ , дар баёнияе муддаӣ шуд , тамоми таҳримҳои созмони милал аз ҷумлаи таҳримҳои таслеҳотии алайҳи Эрон аз сар гирифта шудааст.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳоле муддаии аз саргирии таҳримҳо шудааст, ки чанде пеш Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо радди пешнависи қатъномаи Амрико барои тамдиди таҳрими таслеҳотии алайҳи Эрон , мухолифати сариҳи худро бо ин иқдом эълом кард.
Вузарои умури хориҷаи се кишвари аврупоии узви Барҷом ( Олмон , Британия ва Фаронса ) низ имрӯз дар баёнияе муштарак эълом карданд : иддаои Вашингтон дар хусуси бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон ғайриқонунӣ аст .