Сентябр 21, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти шаъни як миллион иштирокчии “дифои муқаддас” бо ҳузури Раҳбари инқилоби исломӣ

Ҳафтаи “дифои муқаддас” бо суханронии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз душанбе дар Эрон оғоз шуд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , суханронии ҳазрати оятуаллоҳ Хоманаӣ ба муносибати ҳафтаи дифои муқаддас аз шабакаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла шабакаи Хабар ба нишонии https://www . irinn.ir/fa/live ба сурати зинда пахш мешавад .

 Имрӯз душанбе 21 сентябри 2020 баробар бо 31 шаҳривар-солрӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими собиқи Ироқ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст .

Артиши мутаҷовизи режими Саддом-диктатори Ироқ, ки баъдҳо дар декабри 2006 муҳокима ва ба қатл расонда шуд , 31 шаҳривари соли 1359 ( сентябри 1980 ) бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард, ҳамлаи густардаеро бо истифода аз навъҳои гуногуни ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард .