Сентябр 21, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Дифои пирӯзмандона, бахше аз ҳуввияти миллии Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба пирӯзии дурахшон ва ошкори миллати Эрон дар "Дифои муқаддас" таъкид карданд, дифои пирӯзмандона бахше аз ҳуввияти миллии Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон , раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ   рӯзи душанбе дар иртиботи тасвирӣ бо маросими такриму таҷлил аз пешкисватони дифои муқаддас ва муқовимат афзуданд : миллати Эрон дар "Дифои муқаддас" тавонист дар муқобили қудратҳои шарқ ва ғарбу кишварҳои вобаста ба онҳо боистаду бо сарбаландӣ пирӯз шавад.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ , Саддоми ҷоҳталабро танҳо абзоре дар дасти қудратҳои бузург, ба вижа Амрико баршумурданду гуфтанд : тарафҳои аслии набард бо миллати Эрон, яъне " Амрикои  зарбахӯрда аз инқилоби исломӣ , қудратҳои нигарон аз зуҳури як ҳувияти ҷадиди исломии эронӣ дар минтақа , НАТО ва кишварҳои Аврупои  ғарбӣ ва шарқӣ" , Саддомро ба ҳамла таҳрик карданд то низом ва инқилоби исломиро дар ҳам бикӯбанд .
Эшон гуфтанд : ҳадафи душман аз ба роҳ андохтани ҷанг , барандохтани низоми исломӣ , султаи дубора бар Эрон ва таҷзияи кишвар буд, аммо як ваҷаб аз хоки Эронро натавонистанд ишғол кунанд ва як қадам ҳам натавонистанд Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эронро ба ақаб  биронанд .
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба интишори асноди тавофуқҳои Амрико ва Саддом қабл аз оғози ҷанг , гуфтанд : дар тӯли солҳои ҷанг низ кӯмакҳои низомӣ , иттилоотӣ ва молии ғарбу шарқ ба режими баъсӣ аз тариқи Иморот , Кувайт , Арабистон ва дигари масирҳо идома дошт .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ , бо таъкид бар муроқибат аз талоши душман барои таҳрифи воқеъиёти дифои муқаддас , ба баёни нукотӣ дар бораи абъоди шигарфу азими ин падида пардохтанду гуфтанд , як намуна аз сармояҳои инсонии даврони дифои муқаддас , шаҳид Сулаймонӣ буд, ки дар арсаи минтақа ва дипломасӣ , иқдомоти шигифтоваре анҷом медоду ҳанӯз миллати Эрон аз густараи фаъолиятҳои ин шаҳиди азиз  иттилои кофӣ надорад .