Тахтиравончӣ : Амрико ҳаргиз бозгашти қатъномаҳои куҳнашударо нахоҳад дид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57682-Тахтиравончӣ_Амрико_ҳаргиз_бозгашти_қатъномаҳои_куҳнашударо_нахоҳад_дид
Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эронро орӣ аз асари амалӣ донист ва тасреҳ кард: Вашингтон ҳаргиз бозгашти қатъномаҳои куҳнашударо нахоҳад дид.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 22, 2020 10:03 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ : Амрико ҳаргиз бозгашти қатъномаҳои куҳнашударо нахоҳад дид

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эронро орӣ аз асари амалӣ донист ва тасреҳ кард: Вашингтон ҳаргиз бозгашти қатъномаҳои куҳнашударо нахоҳад дид.

Ба гузориши ИРНА, Маҷиди Тахт‌иравончӣ душанбешаб дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон дар Твиттер навишт : Тасмими Амрико барои иҷрои таҳримҳо алайҳи Эрон дар амал ҳеч асаре нахоҳанд дошт ва сирфан нишондиҳандаи истисолу ноумедии Кохи Сафед аст.

Тахт‌иравончӣ афзуд, Амрико ҳаргиз бозгашти қатъномаҳои мунқазишударо нахоҳад дид, чиро ки онҳо бар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ дигар вуҷуд надоранд .

Давлати Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар идомаи иқдомоти хасмонааш алайҳи Эрон , 27 ниҳоду фарди муртабит бо Эронро таҳрим кард .

Давлати Трамп ин таҳримҳоро пас аз шикасти талошҳояш барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон ҷорӣ кард .

Бо вуҷуди мухолифати аксари аъзои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, Майк Попео- вазири умури хориҷаи Амрико шанбеи гузашта муддаӣ шуд,ки тамоми таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон , аз ҷумла таҳримҳои таслиҳотӣ эҳё шуданд. Ин иддаои Амрико, бо мухолифатҳои густарда рӯ ба рӯ шуда аст .

Сегонаи аврупоӣ ва Чину Русия ахиран дар баёнияи муштарак бо ишора ба хуруҷи якҷониба ва эъломи таваққуфи мушорикати Амрико дар БАРҶОМ таъкид карданд: Вашингтон наметавонад фароянди бозгашти таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон таҳти қатъномаи 223-и Шурои амниятро оғоз намояд.

Антонио Гутерс-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид низ дар номае ба Шӯроии амният эълом кард , наметавонад дар заминаи талоши Амрико барои бозгардондани таҳримҳои зидди Эрон иқдоме анҷом диҳад .

Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико , сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо зери по гузоштани уҳдадориҳои Вашингтон зайли Барҷом кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард . Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ мувоҷеҳ шуда аст .