Ин беморон дар фасли тирамоҳ эҳтиёт кунанд!
Пизишки муттахассиси аллергия(ҳассосият) гуфт : Интизор дорем афроде ки аллергия(ҳассосият)ҳои танаффусие монанди асма ва сурфа доранд , дар фасли тирамоҳ(поиз) мушкилоти бештаре дошта бошанд ؛ дар натиҷа агар аз афшонаки доруӣ(спрей) истифода мекунанд , ба ҳеч унвон набояд масрафи спрей ва доруҳоро қатъ кунанд .
Ба гузориши сомонаи Иқтисодонлайн Муртазо Фаллоҳпур , дар бораи « аллергияҳои фасли поизӣ »، изҳор дошт : Бо тавваҷуҳ ба ин ки дар айёми корона ҳастем ва мумкин аст илова бар бемории корона ,зуком ва дигар уфунатҳои танаффусӣ вуҷуд дошта бошад , лозим аст ба ин мавзӯъ ва таъсироти онҳо бар аллергияҳо тавваҷуҳ кунем .
Вай афзуд: Дар ҷараёни тағйири фасл ва иттифоқоте, ки меуфтад, ҳаво сард мешавад ва мизони рутубати ҳаво ба хотири борандагӣ тағйир мекунад ва ба назар мерасад бархе шаҳрҳо ҳавои олудатаре дошта бошанд . Сармои ҳаво , зиёд шудани уфунатҳои вирусӣ ва сармохурдагии пайдарпай , ҷудо аз ин ки ба шуюъи корона тавваҷуҳ бишавад ё нашавад , худ метавонад боиси аломатҳои танаффусии бештаре шавад . Дар натиҷа интизор дорем афроде, ки аллергияҳои танаффусие монанди асму сурфа доранд , дар ин фасл мушкилоти бештаре дошта бошанд. Аз ин афрод хоҳиш мекунем дар масрафи спрейҳои худ ва низ нукоте, ки пизишкашон ба онҳо эълом карда диққати бештаре кунанд .
Фаллоҳпур гуфт :Ин рӯзҳо шоҳид ҳастем бисёре афрод унвон мекунанд, ки спрейҳо мумкин аст кортен дошта бошад ва ин пурсиш матраҳ аст, ки оё дар рӯзҳои шуюъи корона аз он истифода шавад ё хайр? Банда бо қотеъият мегӯям дар ҳоли ҳозир тамоми манобеи илмии муътабари дунё тавсия мекунанд, агар Шумо ҷузви он даста аз бемороне ҳастед ки аз спрей истифода мекунед , ба ҳеч унвон ва ба сурати худсарона набояд истифода аз онро тарк кунед .
Ин пизишки муттахассис тасреҳ кард : Бо ин тафаккуру хаёл, ки дар дохили спрей кортен буда ва системаи эминиро заъиф мекунад , масрафи онро қатъ накунед ؛ қатъ кардани масрафи спрей боис мешавад шумо дар маърази хатарҳои бештарӣ бошед . Ба ҳеч унвон набояд масрафи спрейю доруҳоро қатъ кунед . Вақте ҳаво сарду олуда мешавад , мумкин аст дучори шуълавар шудани беморӣ шавем ؛ дар натиҷа бояд аз маърази олудагӣ ва сармохурдагӣ дур шавем .