Вокуниши расмии Эрон ба иддаои шоҳи Арабистон
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Арабистони саъудиро пойгоҳу хостгоҳи тафаккури гурӯҳҳои террористии такфирӣ ва ҳомии аслии молӣ ва таъминотии терроризм дар минтақа донист .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Саиди Хатибзода рӯзи панҷшанбе иддаоҳои ахири подшоҳи Саъудӣ дар бораи Эронро рад карду афзуд : « Арабистони Саъудӣ солҳо аст барои гурез аз воқеъиятҳо ва посухгӯ набудан ба ҷиноятҳои худ , сиёсати фарофиканӣ ва дигаргун нишон додани ҳақиқатҳоро дар дастури кори худ қарор дода аст, то шояд имрӯзро ба фардо бирасонад.»
Хатибзода гуфт : Ҳимояту ҳамсӯии режими Саъудӣ бо Амрико дар пайгирии сиёсати шикастхӯрдаи фишори ҳаддиаксарии зидди Эрон , талош барои тавсеъаи равобит бо режими ғосиби саҳюнистӣ ва боҷ доданҳои миллиарддолларӣ ба дигарон, он ҳам аз ҷайби мардуми Арабистон , на танҳо натиҷае барои оли Саъуд надошта, балки Арабистонро ба кишвари ҳақир миёни кишварҳои арабӣ табдил карда аст .
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард:Сарони режими оли Саъуд мехоҳанд бо иттиҳом ворид кардан ба дигар кишварҳо , аз зери бори масъулияти ҷиноятҳои ҷангии худ зидди занону кудакони яманӣ фирор кунанд .
Салмон бин Абдулазиз-подшоҳи Арабистон дар ҳафтоду панҷумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид , Эронро ба иҷрои сиёсатҳои танишзо ва мухарриб дар минтақаи ғарби Осиё ва дахолат дар умури кишварҳои арабӣ муттаҳам кард .