Сентябр 25, 2020 18:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои Эрон, Тоҷикистон ва Сурия дар ҳавзаи об

Вазири нерӯи Эрон дар гутугӯи видеоконфронсии ҷудогона бо вазири манобеи обии Сурия ва вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, бар иҷрои мафоди тафоҳумномаи муштараки ҳамкориҳои обӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Ризои Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи видеоӣ бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар ва вуҷӯди зарфиятҳои фаровон барои ҳамкорӣ, бар тавсеъаи ҳарчӣ бештари равобит дар тамомии заминаҳо бавижа дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва энержӣ таъкид карданд.

Ҳамчунин Ризо Ардакониён ва Тамом Муҳаммад Раъд, вазири манобеи обии Сурия, дар гуфтугӯи видеоӣ бо ишора ба ёддошти тафоҳуми муштараки ҳамкориҳои обии ду кишвар, ташкили  кумитаи роҳбурдӣ ба раёсати муовинони вазирони нерӯ ва манобеи обии Эрон ва Сурия дар ду ҳафтаи ояндаро зарурӣ унвон карданд.

Ардакониён ва Муҳаммад Раъд тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи об ва фозилобро хостор шуданд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои обии Эрон ва Сурия, 22 ноябри 2019 ба имзои Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Ҳусайн Арнус, вазири вақти манобеи обӣ ва нахуствазири кунӯнии Сурия расид.

 

Барчасп