Сентябр 26, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  •  Бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ  аввалин иқдоме аст, ки Амрико бояд анҷом диҳад

Раиси Ҷумҳурии ҷанҷолии Амрико Доналд Трам борҳо тавофуқи ҳастаии Барҷомро бадтарин тавофуқ барои Амрико номида ва саранҷом дар моҳи майи соли 2018 аз он хориҷ шуда ва сахттарин таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол кард. Акнун рақиби демократ Ҷо Бойден муддаӣ шудааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ноябри соли 2020 бори дигар ба ин тавофуқ боз хоҳад гашт. Ин амр бо вокуниши Теҳрон мувоҷеҳ шудааст.

 Муҳамадҷавод Зарифи вазири хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник гуфт : бозгашти Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ аввалин иқдоме аст, ки онҳо бояд анҷом диҳанд . Барои ин бозгашт , Амрико бояд хисоротеро, ки ба миллати Эрон ворид карда ва ҳамчунин иқдомотеро, ки дар ҷиҳати тазъифи тавофуқи ҳастаӣ анҷом додааст ҷуброн кунад .
Ишораи Зариф ба ваъдаи Бойден дар бораи бозгашт ба Барҷом дар сурати интихоби вай ба унвони Раиси Ҷумҳурии оянда Амрико аст . Бойден дар моҳи гузашта сиёсати давлати Трамп дар қиболи Эронро шикастхӯрда донист ва гуфт дар сурати пирӯзӣ дар интихобот , масри қобили эътимод барои рӯйкарди диплумотик дар иртибот бо Эрон хоҳад гушуд . вай дар ёддоште, ки ахиран мунташир кард тасреҳ кард, ки Трамп бо хурӯҷ аз Барҷом муртакиби иштибоҳ шуда ва иқдоме муғойир бо манофеъи миллии Амрико анҷом дода ва Амрикоро мунзавитар кард .
Ба гуфтаи “Энтони Блинкен” муовини собиқи вазири умури хориҷаи Амрико ва мушовири кунунии сиёсати хориҷӣ  : дар сурати бозгашти Эрон ба пойбандии комил ба тавофуқи ҳастаӣ , давлати Бойден дар сурати пирӯзӣ дар интихобот низ ба ин тавофуқ боз мегардад , мо метавонем бо муттаҳидону шуракои худ талош кунем то онро тақвият ва тӯлонитар кунем .
Изъони Бойден ба шикасти рӯйкарди Трамп дар қиболи Эрон нишон медиҳад, ки ҳатто сиёсатмадорони аршади Амрикоӣ низ ба ин амр пай бурдаанд, ки ба рағми иддаоҳои мукаррари мақомоти давлати Трамп ба вижа Майк Пампео мабнӣ бар ин ки корзори фишори ҳаддиаксарии мунҷар ба сахттар шудани вазъият барои Ҷумҳурии исломии Эрон шуда, аммо дар амал Эрон дар муқобили ин фишорҳо дар чорчӯби стратегияи " муқовимати ҳаддиаксарӣ " истодагӣ карда ва талошҳои Вашингтон барои тадовуми таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эронро низ бо шикасти бузурге мувоҷеҳ кардааст  . Зимни ин ки давлати Трамп акнун дучори инзивои ҳаддиаксарӣ дар сатҳи ҷаҳон шудааст . Ба гуфтаи Алекс Ватанхоҳ мудири барномаи Эрон дар муассисаи Ғарби Осиё дар Вашингтон : Амрико дар рӯйкарди худ дар хусуси Эрон танҳо мондааст .
Мавзегириҳои Бойден нишон медиҳад, ки ӯ низ дар бораи зарурати бартараф шудан ба истилоҳи нигарониҳо аз барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ва дигар нигарониҳо дар бораи иқдомоти Теҳрон, дидгоҳии наздик ба Трамп дорад, аммо барои таҳаққуқи он дар пайи роҳкорҳои мутафовите аст . Нуктаи муҳимме, ки бояд бар он таъкид кард ин аст ,ки зарфи чиҳил соли ахир ҳамаи руасои ҷумҳурити Амрико аъам аз Ҷумҳурихоҳ ва Демократ,  рӯйкарди хасмона ва мубтанӣ бар аъмоли фишор бар Эрон ба хусус аъмоли таҳримҳо дар пеш гирифтаанд . Давлати Абама низ ба рағми ин ки дар қолаби гурӯҳи 1+5 дар тавофуқи ҳастаии Барҷом мушорикат кард,  дар мавориди зиёдӣ ба аъмол ё тадовуми таҳримҳо алайҳи Теҳрон рӯй оварад ва аз анҷоми таъаҳҳудоти Барҷомии худ худорӣ кард . Акнун низ Бойден, ки муовини Абама буда, муддаӣ мешавад, ки дар сурати вуруд ба кохи сафед ба Барҷом боз хоҳад гашт , бо ин ҳол вай тасреҳ карда, ки дар давлати ӯ , Вашингтон ба ҳамроҳи муттаҳидони худ талош хоҳад кард, ки маҳдудиятҳои Барҷомро ташдид карда ва муддати онҳоро тамдид кунад , ӯ ҳамзамон ба дигар мавзӯъоти мавриди нигаронии Амрико бипардозад  . Дар воқеъ Бойден на фақат хоҳони густариши муҳтавоӣ ва замонии маҳдудиятҳои Барҷомӣ дар заминаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аст,  балки ҳамонанди  Абама қасд дорад мавзӯоти дигаре монанди тавонмандии мушакӣ,сиёсатҳои минтақаӣ ва низ мавзӯъоти ҳуқуқи башариро низ дар қолаби Барҷомҳои дигар ба Теҳрон таҳмил кунад . Дар муқобили Эрон борҳо эълом карда, ки сарфан ба тавофуқи ҳастаии Барҷом пойбанд буда ва ба ҳеҷ ваҷҳ таслими хостаҳои Вашингтон дар заминаи масоили мушакӣ,  минтақаӣ, ҳуқуқи башарӣ ва амсоли он нахоҳад шуд .

Барчасп